Имрӯз дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency»-и шаҳри Душанбе бо иштироки коршиносони пешқадами ҷаҳон ва пешсафони соҳаи телекоммуникатсия, инчунин намояндагони ВАО ҳамоиши байналмилалӣ дар мавзӯи “Ифтитоҳи шабакаҳои алоқаи мобилии насли оянда”, ки аз ҷониби оператори мобилии ZET-MOBILE дар якҷоягӣ бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, баргузор гардид.
Фарид Нахлӣ, координатори барномаи мазкур, ҳамаи иштирокчиёни барномаро бо сухани ифтитоҳӣ хайрамақдам намуда, ҳамоишро кушода эълон намуд. Инчунин, Констатин Савин, шарики тиҷорати аз IXP Conulting Agency, Вадим Поскакухин, директори техникӣ Ubiquitous Wireless LLP аз шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, бо барномаҳои таҳиянамудаи худ баромад карданд.
Чорабинии мазкур бо қарори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сифат ва дастрасии интерненти мобилӣ бахшида шудааст.
Инчунин, яке аз технологияҳои муҳимтарин ва инноватсионии замони мо-насли ояндаи алоқаи мобилӣ рост меояд.
Ҳадафи тренинг аз шиносоии иштирокчиён бо технологияҳо ва консепсияҳои асосии 5G, муайян намудани фарқиятҳои асосии байни 5G ва наслҳои каблии технологияҳои мобилӣ, омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ оид ба роҳандозии шабакаҳои 5G ва таҳлили роҳҳо иборатанд, ки тавассути он ҳукумат ва мақомоти танзимкунанда метавонанд дар суръат бахшидан ва татбиқи технологияҳои 5G ва хизматрасонӣ дар кишвар саҳм гузоранд.
Форуми мазкур барои муаян кардани иқтидори технологияҳои нав барои тиҷорат ва ҷомеа пешбинӣ шудааст. Барпо намудани чорабини мазкур ин як қадами муҳим дар рушди алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд ва ба кишвар дар сафи пеши рушди технологӣ кӯмак хоҳад кард.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар доираи форум инчунин, мизҳои мудаввар бо иштироки коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони маҳаллии телеком, ассотсиатсиҳои соҳавӣ, намояндагони Донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ ташкил карда мешаванд, ки барои табодули дониш ва таҷрибаи имкониятҳои иловагӣ фароҳам меоранд.