Дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бунёди 180 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аз онҳо то имрӯз 76 ададаш бо ташкили садҳо ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

Танҳо дар соли 2024-ум дар шаҳри Норак бунёди 34 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот бо ҷалби мутахассисони варзида идома доранд. Иншооти маҳзкур дар соҳаи маориф, тандурустӣ, саноат, варзиш, сайёҳӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо мебошад.

Як манбаъ аз ҳукумати шаҳр хабар дод, дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар ин шаҳр азми бунёди 20 адад коргоҳу корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки корҳои сохтмонӣ дар чанд корхона ҳоло бо маром идома доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь