Дар Рио-де-Жанейрои Бразил як гуруҳи ҷинояткор 35 автобусро оташ заданд. Шаҳрдории шаҳр ин ҳодисаро бузургтарин ҳамла ба системаи нақлиёти ҷамъиятӣ дар таърихи Бразил номид.

Дар ин шаҳри машҳури сайёҳӣ пас аз кушта шудани яке аз раҳбарони як гуруҳи ниманизомии маҳаллӣ ошӯб сар зад. Губернатори аёлат Клаудио Кастро гуфт, бародарзода ва дасти рости як раҳбари гуруҳ, ки бо лақаби Фаустао маъруф аст, аз тири полис дар ҷараёни амалиёти фаврӣ кушта шудааст.  Ҷинояткорон ба хотири қасос даҳҳо мошин, аз ҷумла як қаторро сӯзонданд. 12 кас дастгир карда шуданд.

Роҳҳо дар ғарби Рио баста ва ҳаракати нақлиёт фалаҷ шудааст. Шаҳрдорӣ сокинон ва сайёҳонро аз “ҳодисаҳои ҷиддӣ” ҳушдор дод ва онро бадтарин ҳамла ба нақлиёти ҷамъиятӣ дар таърихи кишвар хонд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь