Воқиф шудан аз асрори коинот ва дидани ситораву сайёраву комета дигар орзу нест, чун дар Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ метавон онҳоро дар рӯи каф дид.
Муассиса дар шимоли кишвар қарор дошта, бо таҷҳизоти рақамии 3D муҷаҳҳаз аст. Он бо даҳҳо марказҳои илмӣ-таҳқиқотии ватанӣ ва хориҷӣ ҳамкории густурда дорад.
Ягона планетария дар кишвар чӣ ҳол дорад, он ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст, инҷо чиро метавон дид, аз будани он ба илми тоҷик чӣ суд, дар ин матлаб хоҳед хонд.
Бо харҷи 5 миллион сомонӣ ва таҷҳизоти №1
Се сол қабл, зимни ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Муассиса пас аз азнавсозӣ бо харҷи беш аз 5 миллион сомонӣ пурра муҷаҳҳаз шуда, толори аксбинии сайёра ва толори тамошо ба қабули меҳмонон пурра омода гардид.
Дастгоҳҳо аз ҷониби ширкати бонуфузи амрикоии “Fulldome pro” дастрас гардиданд, ки то ин дам беш аз 300 планетария тариқи он бо таҷҳизоти рақамӣ муҷаҳҳаз шудааст. Қаблан барои намоиши бурҷҳо ва сайёраҳо аз таҷҳизоти “Сейс” истифода мешуд.
Муассиса бо планетарияи Москва ва Минск оид ба дастрас кардани филмҳои ҷадид шартномаи ҳамкорӣ дорад ва пойгоҳи худро бо филмҳои нав мукаммал мегардонад. Айни замон дар Планетария беш аз 40 (60) филм нигоҳдорӣ мешавад, ки ҳамаи онҳо ҳуқуқи муаллифӣ доранд ва бо арзиши 150 сомонӣ аз хориҷа харидорӣ мешаванд. Аз ин рӯ, арзиши даромад ба хурдсолон 5 ва ба калонсолон 10 сомонӣ муқаррар шудааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки планетария ҳатто дар рӯзҳои истироҳатӣ низ фаъолият карда, дар як вақт ба танҳо 30 тамошобин, вобаста ба дархост филм ба намоиш мегузорад.
Филмҳо бо забонҳои русӣ ва англисӣ буда, барои ашхосе, ки ин забонҳоро балад нестанд, ба забони тоҷикӣ баргардон мешаванд ё бо паснавис пешниҳод мегарданд. “Загадочное и удивительное солнце”, “Далекие миры другая жизнь”, “Путишествие по солнечный системе”, “Движение земли”, “Происхождение жизни”, “Тёмная материя” аз номгӯи он филмҳоест, ки инҷо дар “гунбади осмон” ба намоиш мегузоранд.
Аз сайёҳи белорусӣ то профессори фаронсавӣ
Аз ягона планетария дар кишвар меҳмонону сайёҳони хориҷӣ низ дидан мекунанд. Бештар аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ӯзбекистон, Белорус меоянд. Ҳатто аз кишварҳое чун Фаронсаву Гана низ ташриф меоранд, ки ҳайратовар аст.
Аз ҷумла, зимни сафари худ ба Тоҷикистон, профессори яке аз донишгоҳҳои шаҳри Париж Оливйе Фегонду аз инҷо дидан карда, ба кори марказ баҳои баланд додааст.
Бояд гуфт, инҷо ба меҳмонон доир ба кашфиёт ва корҳои илмӣ-таҳқиқотии олимону муҳаққиқони варзидаи тоҷик, аз ҷумла Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов, Мирзо Улуғбек, Насируддини Тӯсӣ, Умари Хайём, Абӯалӣ Ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммад Ал-Хоразмӣ, Абӯмаҳмудӣ Хуҷандӣ ва дигарон маълумоти муфид пешниҳод мекунанд.
Ҳамчунин, ихтирооти Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ-устурлоб ва судс муаррифӣ мешаванд, ки барои мушоҳидаи ҷирмҳои осмонӣ ва омӯзиши асрори кайҳон истифода мегардид.
Аз узвият ба IPS то ҳамкорӣ бо абарқудратҳо
Планетария бо “Ассотсиатсияи планетарияҳои Федератсияи Русия” ҳамкории қавӣ дорад ва мехоҳад бо Агентии “Роскосмос” низ робитаҳои густурда дошта бошад. Ҳоло барои аъзо шудан ба Созмони Ҷаҳонии Планетарияҳо (IPS) омодагӣ дида истодааст.
Узвият ба ин созмон, ки беш аз 2000 аъзо дорад, имкон медиҳад, ки Планетария аз кӯмакҳои техникӣ бархӯрдор шавад, кӯдакону наврасон ва ҷавонон дар олимпиадаҳои ин созмон иштирок намоянд. Дар ҳамоишҳои байналмиллалӣ ширкат намуда, ба пахши филмҳои ҷадид дар риштаи илми нуҷум дастрасии ройгон пайдо намоянд.
Планетария бо кишварҳое чун Русия, Олмон, Аргентина, Ҷопон, Ӯзбекистон, Белорусия дар самти модернизатсия ва табодули таҷриба қарордоди ҳамкорӣ бастааст.
Дар робита ба таҷлили “Садсолагии таъсисёбии нахустин планетария дар олам”, ки солҳои 2023-2025 доир мегардад, Планетария баргузор намудани Конференсияи байналмиллалии “Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ-поягузори илми афлок”-ро бо ширкати олимону муҳаққиқони хориҷӣ ба нақша гирифтааст, ки кор дар ин самт оғоз шудааст.
Амони Муҳаммад