Артиш яке аз рукнҳои давлатдорӣ, кафили амнияти марзҳо ва осмони соф бар сари ҳар як озарбойҷонист.  26 июни соли ҷорӣ аз таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Озарбойҷон 104 сол пур мешавад.

Бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон 26 июни соли 1918 аввалин қисми ҳарбии доимӣ – Корпуси алоҳидаи Озарбойҷон ташкил шуд.  Дар “Эъломияи истиқлолият”, ки 28 майи ҳамон сол қабул шуд, аз ҷумла омадааст, ки Озарбойҷон барои дифоъ аз мудохилаи берунӣ, безараргардонии қувваҳои душмани дохилӣ бояд артиши мунтазам дошта бошад ва қувваҳои мусаллаҳи худро ташаккул диҳад.  Ҳукумат вазифаи ташкили артиши 25 ҳазор нафараро ба миён гузошт.

1 август Вазорати мудофиаи Озарбойҷон таъсис гардида, Хусравбек Султонов аввалин вазири дифоъ таъин шуд. Дар муддати кӯтоҳ Артиши миллӣ якҷоя бо Артиши исломии Қафқози салтанати Усмонӣ тавонист Боку ва ноҳияҳои гирду атрофи онро аз истилои арманиҳо ва болшевикон озод намояд.

Пас аз ишғоли Озарбойҷон дар соли 1920 Вазорати мудофиа лағв гардид, 15 генерали артиш аз ҷониби болшевикон тирборон шуданд. Соли 1991, пас аз барқарории истиқлолият, қарори таъсиси Артиши Озарбойҷон қабул шуд.

Тибқи фармони таърихии пешвои миллат Ҳайдар Алиев аз 22 майи соли 1998 26 июн Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ эълон гардид. Солҳои охир Озарбойҷон иқтидори ҳарбии худро зиёд намуд. Ба кишвар навтарин яроқу аслиҳа, таҷҳизоти муосир ва техникаи ҳарбӣ ворид шудааст.

Дар айни замон Қувваҳои мусаллаҳи Озарбойҷон аз ҷиҳати таъминоти моддию-техникӣ ва қобилияти ҷангӣ тавонотарин Артиши Қафқози Ҷанубӣ ба шумор мераванд.

Дар натичаи таваҷҷуҳ ва ғамхории Президенти Озарбойҷон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Илҳом Алиев нисбати артиш, ки идомадиҳандаи арзандаи сиёсати пешвои миллат Ҳайдар Алиев мебошад, Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тӯли солҳои охир босуръат рушд карда истодаанд.

Созмондиҳии артиш низ дар айни замон мавриди таваҷҷӯҳи сарвари давлат қарор дорад. Инчунин барои баланд бурдани сатҳи омодагии ҷангии артиш, бо техникаю воситаҳои муосири ҳарбӣ мустаҳкам намудани он, беҳбудии шароити иҷтимоию маишии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои дахлдор иттихоз мешавад. Бо фармони Президент Илҳом Алиев дар Озарбойҷон маҷмааи ҳарбӣ-саноатӣ таъсис шудааст.

Дар мамлакат истеҳсоли бештар аз ҳазор номгӯӣ маҳсулоти ҳарбӣ ба роҳ монда шудааст. Маҳсулоти низомии Озарбойҷон дар намоишгоҳҳои бонуфузи байналмилалии ҷаҳонӣ намоиш дода мешавад.

Самаранокии сиёсати низомие, ки тайи 17 соли охир дар робита ба рушду навсозии ҳамаҷонибаи Қувваҳои Мусаллаҳ пеш гирифта шуд, инак дар майдони ҷанг таҷассуми худро ёфт. Артиши шуҷои Озарбойҷон хати мудофиавие, ки таҷовузкор солҳои тӯлонӣ сохта буд қаҳрамонона рахна карда, яку якбора қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва тамоми сохторҳои мудофиавии онҳоро пурра аз байн бурд. Низомиёни Озарбойҷон ба қушунҳои таҷовузкор зарбаи сахт зада, техникаи сершумори ҳарбӣ ва қувваи кориро нобуд сохтанд.

Қаламрави Озарбойҷон, ки тайи 30 сол дар зери ишғол буд, аз душман озод карда шуд. Ниҳоят, юриши ғалабаовари Қувваҳои Мусаллаҳи Озарбойҷон таҳти роҳбарии сипаҳсолори барҷаста – Сарфармондеҳи олӣ Илҳом Алиев бо пирӯзие анҷом ёфт, ки дар арсаи сиёсӣ низ ба амал омад.

Замоне, ки сухан дар бораи артиш ва ғалаба меравад, омили дигаре низ аз мадди назар дур намемонад, зеро бидуни он муваффақияти низомӣ ба даст намеомад.  Сухан дар бораи ягонагии халқи озарбойҷон ва артиш, ҳамраъии шаҳрвандон бо роҳбарияти кишвар, вазъи мӯътадили сиёсии дохили кишвар, ва рӯҳияи баланди ватандӯстии мардуми Озарбойҷон, сарфи назар аз мансубияти диниву миллӣ меравад.

“Мушти оҳанин” на танҳо амалиёти низомиро ифода мекунад. Тамоми Озарбойҷон дар рӯзҳои ҷанг иборат аз як панҷаи оҳанине буданд. Ва душман бешак аз ӯҳдаи ин қувва баромада натавонист.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь