Чанде пеш тавассути нашриёти “Адиб” маҷмӯаи нави ашъори Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ Камол Насрулло таҳти унвони “Дар оғӯши хазонрез” интишор ёфт.

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст. Шеъри ӯ ба заминаҳои иҷтимоӣ, фалсафӣ, мавқеи қавии ватандӯстона ва сиришти инсонии ӯ поя ёфтааст. Китоби нави ашъораш фарогири эҳсосоти самимона ва ғояҳои неку баланди инсонӣ буда, дастовезҳои тозаи шоирона, тозакориҳои эҷодии ӯро фаро мегирад ва армуғони арзандае барои ҳаводорони шеъри муосир аст.

Дар пешгуфтори китоби мазкур омадааст:

Табиист, ки дар замони истиқлолияту озодӣ ва эҳёи дубораи миллати куҳанбунёд ва соҳибтамадуни тоҷик, миллате, ки мисли Қақнус аз хокистари худ бархостааст, масъулияти суханвар, хусусан шоир, ки бояд ҳамеша пешгоми ҷомеа ва ровии армонҳои миллату меҳани худ бошад, бештар аз ҳар замони дигар аст. Эҷоди сухани тоза ва шеъри муваффақ дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ, бедории миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ кори на осон аст ва на ба ҳар шоир муяссар мешавад. Ин аст, ки маъмулан аксари навиштаҳо дар ин мавзӯъ ба умумумигӯиву такрори сухан, ба обшустагии тасвиру баён меоранд ва кам шоире ба гуфтани сухани ноб, тасвири тоза ва бозёфтҳои шоирона муваффақ шудааст.

Яке аз вижагиҳои ашъори ватандӯстонаи Камол Насрулло ҳам дар ҳамин баёнҳои шоирона, самимияти тоза ва ҷилои эҳсосоти баланди инсонӣ дар шеърҳои ватандӯстонаи ӯст, ки бо муҳаббат ва масъулияти баланди худшиносиву меҳанпарастӣ навишта шудаанд.

Ашъори Камол Насрулло танҳо ҳамин мавзӯъ маҳдуд нест. Ашъори ӯ паҳлуҳои дигари зиндагӣ, розу ниёзи мардум, армонҳои миллӣ ва фалсафаву таъриху табиатро фаро гирифта, нақши боризе дар худшиносии миллӣ, таҳқиқи андешаву афкору рӯҳияи инсонӣ ва бедорсозии наҷибтарин эҳсосот мебозанд. Шеъри Камол хонандаро ба рӯшноӣ, ба хайру некӣ, ба эътиқоду бовар, ба ишқу садоқат ва ягонагӣ ҳидоят мекунад.

Китоби нави шоир гулчине аз ашъори солҳои охир навиштаи ӯ буда, бори аввал дар шакли китоб интишор меёбад ва ҳадяи сазоворе барои доираи васеи ҳаводорони каломи бадеъ мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь