Дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон сотхмони варзишгоҳ бо тарҳи наву замонавӣ барои 20 000 ҷойи нишаст идома дорад, ки имрӯз сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода аз рафти корҳои сохтмонии он дидан кард.

Иншооти мазкур ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Дирексияи сохтмонии иншооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 67 млн сомонӣ сохта мешавад, ки пудратчии сохтмонро ҶДММ “Ниагара” ба ӯҳда дорад. Майдони варзишӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта мешавад.

Ин варзишгоҳ баҳри ҷалби ҷавонон ба варзиш, барои таъмини аҳолӣ бо варзишгоҳи замонавӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани саломати аҳолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Барои ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар иншооти навбунёд беш аз 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь