Дар деҳаи Назарбоии ҷамоати деҳоти Чагами ноҳияи Шамсиддин Шохин бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Рустам Шаҳбозов пул ба дарозии 30 метр ба истифода дода шуд.

Иншооти мазкур мушкилии беш аз 200 хоҷагиро баҳри гузаштан аз селроҳа, ки дар фасли баҳору зимистон бо омадани сели зиёд ба рафтуомади бошандагони деҳаи Назарбоӣ монеа эҷод мекард, бунёд ёфт. Дар ин деҳаи дурдас беш аз 1500 нафар  истиқомат мекунад. Ба иттилои бошандагон чунин тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ баҳри рушди маҳал дар ин деҳа аз ҷониби соҳибкорон идома дорад. Хусусан, бунёди чоҳи амудӣ аз дигар иқдомҳое мебошад, ки дар ин деҳа аз ҷониби як сокини маҳал амалӣ шуд. Оби ошомиданӣ аз чуқурии 95 метр бароварда шудааст ва сокинони атроф бо оби аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин мешаванд.

Ба иддаои сокинон соле пеш Рустам Шаҳбозов, ки зодаи ҳамин деҳа мебошад, бо бунёди як чоҳи амудӣ беш аз 100 оиларо бо об таъмин карда буд ва ин иқдомро идома медиҳад. Ин соҳибкори маҳаллӣ дуюмин чоҳи амудиро ба истифода медиҳад, то ҳамдеҳагони худро аз мушкилии набудани об бираҳонад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь