Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон се муассисаи таълимӣ ва як деҳаро ба номи сарбозони шаҳидшудаи муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд.

Аз ҳукумати ноҳияи мазкур ба “Фараж” хабар доданд, ки мақсад аз ин амал зинда нигаҳ доштани номи  онҳо мебошад.

Ба иттилои мақомот сарбози фавтида  Сунатулло Маҳмадов  дар  деҳаи Арали ҷамоати деҳоти  Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таваллуд шуда, мактаби рақами 3-и ин деҳаро хатм кардааст, аз ин хотир ин муассиса ба номи ӯ гузошта шуд.

Ба иттилои манбаъ деҳаи  Правдаи ноҳия ба номи  Муҳаммадҷон Пиров, ки дар муноқишаи марзӣ аз тири душман кушта шуд гузошта шудааст.

Муассисаи таълимии рақами 5-и ноҳия низ ба номи сарбози фавтидаи дигар  Абдураҳим Нурзода  гузошта шуд. Гуфта шуд, ки Абдураҳим Нурзода хатмкардаи мактаби 5-и деҳаи Нусратулло Махсуми ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад.

Мактаби  рақами 55 бошад, ба номи Шуҳратҷон Тағоймуродзода номгузорӣ шудааст. Ӯ низ дар муноқишаҳои марзӣ аз сӯйи сарҳадбонони қирғиз ба ҳалокат расид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь