Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷудошавии оилаҳо дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷонии кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвании ноҳия ва дигар сохторҳо дар чор моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин дарваи соли гузашта 13 ҳолат кам шудааст.

Мудири бахши ноҳияи мазкур Раҷабзода Зебогул гуфт, ки дар чор моҳи соли ҷорӣ 30 ҳолати бекор кардани ақди никоҳи шаҳрвандон дар ноҳия ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-ум 13 ҳолат кам аст.

Ӯ иттилоъ дод, ки баҳри пешгирии ҷудошавии оилаҳо дар якҷояги бо дигар масъулони такшилоту идораҳо корро ҷонок карда, кушиш ба харҷ медиҳанд, ки боз ҳам ҷудошавии оилаҳоро дар ноҳия Абдураҳмони Ҷомӣ коҳиш диҳанд.

Қайд гардид, ки ҳамчунин дар ноҳияи мазкур дар ин давра  442 ҳолати бастани ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ки ин нисбати чор моҳи соли 2023-ум 84 сабт кам аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь