Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон  давоми 10 моҳи соли ҷорӣ ҷудошавии оилаҳо 90 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 125 ҳолат кам аст. Дар 10 моҳи соли 2022  дар ин ноҳия 201 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда буд.

Мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи мазкур Раҷабзода Зебогул ба “Фараж” хабар дод, ки сабаби кам шудани пошхурии оилаҳо дар ноҳия пурзур кардани суҳбату вохуриҳо миёни ҷавнон ва  аҳолӣ аз ҷониби кормандон дар ҳамдастӣ бо бахши кор бо  занон, бахши кор бо ҷавонон ва дигар сохторҳо аст. “Минбаъд низ мо кушиш мекунем, ки суҳбату вохуриҳоро бештар карда боз ҳам ҷудошавии оилаҳоро дар ноҳия  кам кунем”, – илова кард номбурда.

Ба гуфти ӯ, дар ноҳия баъди пош хурдани 90 оила дар 10 моҳи соли ҷорӣ  беш аз 50 кӯдак аз тарбия яке аз волидони худ маҳрум монда, ҳама дар нигоҳубини модарон боқӣ мондаанд.

Қайд гардид, ки дар ин давра дар ноҳия 943 ҳолати бастани ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ки ин нисбати 10 моҳи соли 2022-юм 110 ҳолат зиёд аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь