Дар пайи боришоти боронҳои пай дар пайи рӯзҳои охир дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сел омада роҳҳои мошингард, заминҳои кишоварзӣ ва чанде аз хонаҳои сокинон зарар диданд.

Бар асари боришоти 20-уми июни соли 2022 дар ноҳияи Хуросон сел омада роҳҳо, заминҳои кишоварзии ҳудуди чанде аз деҳоти ноҳияро хароб кард.

Раиси ноҳияи Хуросон  Аҳмадзода Илҳом аз мавзеъҳои офатзада дидан кард ва ба масъулини дахлдор супориш дод, ки оқибатҳои офати табиӣ ҳарчӣ зудтар бартараф карда шуда, инчунин ҷиҳати пешгирӣ аз офатҳои табиӣ дар оянда чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Тибқи иттилои сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ  дар ноҳияи Хуросон дар натиҷаи боришоти борони 20- уми июни соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти  Ғалаобод дар деҳаи Меҳнат-3 сел омада роҳҳо, заминҳои кишоварзӣ ва чанд хонаи истиқоматӣ зарар дидаанд.

Тибқи иттилои масъулин баҳри бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ кор ба таври зарурӣ идома дорад.

То имрӯз роҳҳои хароб гардида ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди ҷамоатҳои мазкур бемамоният ба роҳ монда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь