Рӯзи  якуми октябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Дӯстӣ  рӯзи аввали даъват ба сафи  Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид, ки беш аз 100 нафар ҷавон дар даъвати якум ба хизмати ватан сафарбар карда шуданд.

Дар ин рӯз  як гурӯҳ ҷавонони фаъол ва ватандӯст, ки аз субҳи барвақт дар назди Комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир гардида буданд, ба маркази базмгоҳи боғи фарҳангии ноҳия раҳсипор гардиданд.

Сараввал раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон ба ҳамаи навдаъватшудагон ва падару модари онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, дар ҳамин ҷо шаҳодатномаҳои ронандагӣ, дипломҳои касбӣ ва шаҳотаномаҳои сарбози ихтиёрӣ бо тантана ба ҷавонон супорида шуд.

Ҳамчунин, 10 нафар ҷавони аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан», ки бо ҳидоят ва роҳнамоиҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ сафарбар мегарданд, бо шаҳодатномаи сарбози ихтиёрии ҳизбӣ таъмин гардиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь