Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бақияи қарзи андоз нисбати авали сол ба ҷойи кам шудан 1 миллиону 184 ҳазор сомонӣ зиёд шудаст.

Ҳасан Ҳайдаров, муовини сардори Нозироти андози ноҳияи Дӯстӣ зимни сӯҳбат ба   “Фараж” хабар дод, то якуми августи соли ҷорӣ дар ноҳия бақияи қарзи андоз 5 миллиону 992 ҳазору 411 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба аввали сол 1 миллиону 184 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Омили зиёд шудани бақияи қарзи андозро ин шахси масъул саривақт пардохт накардани андоз аз ҷониби  Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ки дар 7 моҳ қарзаш 887 ҳазор сомонӣ зиёд шудаст.

Бояд гуфт, роҳбари давлат ҳам зимни  мулоқоти худ  бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон, ки 24 феврали соли ҷорӣ баргузор гардид, аз зиёд будани бақияи қарзи андоз  дар вилоят нигаронӣ карда, роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онро супориш дод, ки якҷо бо Вазорати молия ва Кумитаи андоз ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо ва роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат тадбирҳои қатъӣ андешанд. Мутассифона, дар ноҳияи Дӯстӣ масъулони ба ҷойи кам кардани бақияи қарзи андоз онро зиёд кардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь