Дар ноҳияи Ҷалолиддини Болхии вилояти Хатлон барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди он Маркази лоҷистикӣ ва сехи мевахушкунӣ бунёд мегардад.
Аз МИҲД-и ноҳияи мазкур ба “Фараж” хабар доданд, ки Маркази лоҷистикӣ ва сехи мевахушкунӣ дар доираи ҷашни 35-содагии Истиқлоли давлатии кишвар дар ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳия бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва сармояҳои хориҷӣ бунёд хоҳад шуд.
– Сохтмони ин марказ аз моҳи июни соли ҷорӣ оғоз гардида, дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар ба истифода дода мешавад, – гуфтанд аз мақомот ва илова карданд, ки баъди ба истифода додани он зиёда аз 40 ҷойи нави корӣ муҳайё хоҳад шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ғунҷоиши Маркази лоҷистикӣ 2 ҳазору 85 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва 691 тонна меваҷот мебошад.