Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон дар доираи дастуру супоришҳои роҳбари давлат аз ҷониби соҳибкорони ноҳия коргоҳи истеҳсоли қанди сафед ба кор оғоз кард.

Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иттилоъ доданд, ки   бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси саноатикунонии кишвар дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тадбирҳои мушаххас  амалӣ  карда мешаванд.

Гуфта шуд, ки чанде пеш дар деҳаи Деҳқонободи ҷамоати деҳоти Калинин аз тарафи соҳибкори ҷавон Рустам Мусоев сехи истеҳсоли  қанди сафед ба кор шуруъ кард.

Қайд гардид, ки  дар расми ифтитоҳи коргоҳи мазкур раиси ноҳия Холмурод Раҳмон иштирок намуда, зикр кард, ки бунёди чунин коргоҳҳо ба паст гардидани сатҳи бекорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат хоҳад кард.

Тавре соҳибкор Рустам Мусоев иттилоъ дод, таҷҳизоти қандбарорӣ аз Туркия оварда шуда, дар як моҳ то 10 тонна қанди сафед истеҳсол карда метавонанд.

“Мо айни замон 6 касро бо музди меҳнати хуб ба кор ҷалб кардем ва  ният дорем, ки дар оянда доираи фаъолиятамонро боз ҳам васеъ намуда, шумораи коргаронро низ зиёд кунем”, – гуфт Рустам Мусоев.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь