Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ҷудошавиии оилаҳо бо маротиб коҳиш ёфта, дар соли 2023-юм 150 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин шумора нисбати соли 2022-юм 33 ҳолат кам аст.

Мутахассиси бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи мазкур  Раҳматзода Некрӯз зимни суҳбат ба “Фараж” гуфт, аз 150 оилае, ки дар соли гузашта ақди никоҳи худро бекор карданд, 102 ҳолаташ бо қарори суд, 45 ҳолат бо розигии ҳамсароне, ки фарзандони умумии ноболиғ надоранд ва 3 ҳолати дигар бо аризаи яке аз ҳамсарон бекор карда шудааст, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли 2022-юм 50 ҳолат кам аст.

Ин шахси масъул омили кам шудани ҷудошавии оилаҳоро дар ноҳия бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон ва дигар сабабҳо арзёбӣ карда, гуфт ки дар оянда кӯшиш мекунанд, ки боз ҳам ҷудошавии оилаҳоро кам кунанд.

Ба гуфти ӯ, баъди ҷудо шудани ин оилаҳо 147 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум монда, ҳамагӣ зери парастории модарони худ қарор доранд.

Ба иттилои ӯ, дар соли гузашта 1 ҳазору 461 ҳолати бастани ақди никоҳи шаҳрвандон ба қайди давлатӣ гирфита шудааст, ки ин рақам нисбати соли 2022-юм 133 ҳолат зиёд аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь