Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 2 бинои иловагиро дар назди муассисаҳои № 23 ва № 24 мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Иттилоъ дода шуд, ки ин ду иншоот бо саҳми падару модар, хоҷагиҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохта шудаанд.

Тибқи лоиҳа иншоотҳо аз як ошёна иборат буда, дорои 8 синфхона бо 184 ҷойи нишаст дар як баст мебошад. Тибқи нақша сохтмони бинои китобхона низ дар назар аст.

Раиси вилояти Хатлон бо масъулин суҳбат карда, онҳоро муваззаф кард, ки дар тарбияи насли наврас саҳми худро гузоранд ва барои ободии диёр кӯшиш кунанд. Инчунин, раиси вилоят супориш дод, ки дар оянда барои ба гармӣ таъмин кардани синфхонаҳо дар фасли сармо чораҷӯӣ карда шавад.

Гуфта шуд, ки бояд корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон вусъат дода шаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь