Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон дар 8 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби Вазорати нақлиёт, мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорону аҳолӣ  бо харҷи 2 миллиону 350 ҳазор сомонӣ роҳҳои мошингарди маркази ноҳия ва дигар ҷамоатҳо, ки ба таъмир ниёз доштанд, бозсозӣ шуданд.

Сардори Муассисаи давллатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур Салимзода Маҳмадшариф ба “Фараж” хабар дод, ки роҳҳои маркази ноҳия, ки солҳои тулони таъмирталаб буданд, аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ  беш аз 2 км бо харҷи 800 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, таъмир дар роҳҳои марказии ноҳия идома дорад.

Ҳамчунин аз ҳисоби буҷети ноҳия барои таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта 413 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудаст, ки бо ин маблағҳо даҳҳо километр роҳҳои маҳаллӣ ва пулҳо таъмир карда шуданд.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки аз тарафи соҳибкорон ва аҳолӣ дар 8 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 914 ҳазор сомонӣ роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта ва 4 пул аз таъмири ҷорӣ ва асосӣ бароварда шуданд.

Аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар дар ин давра зиёда аз 174 ҳазор сомонӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо ҷудо карда шудаст, ки ҳамаи онҳо дар таъмири роҳ, пул, кашидани хатҳои уфуқӣ, қубурҳо ва насби аломатҳои роҳ сарф шудаанд.

Масъулони идораи мазкур талош доранд, ки ҳамаи роҳҳои мошингарди харобгаштаро дар ноҳия таъмир карда, рафтуомади воситаҳои нақлиётро дар ҳама фаслҳои сол таъмин созанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь