Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бунёду азнавсозии 324 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 180 ададаш сохта ба истифода дода шудаанд.
Мутахассиси бахши меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и ноҳияи мазкур Муроди Ҳурмузи Алимуҳаммад гуфт, ки аз 324 иншооти ҷашнӣ дар соли 2023-юм 84 ададаш ба нақша гирфита шуда буд, ки аз он дар 10 моҳи соли ҷорӣ 58 ададаш бо таъсиси 93 ҷойи корӣ ва бо харҷи беш аз 16 миллиону 752 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон корҳои сохтмонӣ дар 14 иншооти дигар идома доранд. Иншоотҳои бунёдшаванда дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат, варзишӣ, таъмиру босозии роҳҳову хатҳои интиқоли барқ, соҳаи кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо мебошанд, илова кард мавсуф.