Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон бо сабабҳои гуногун 83 гектар заминҳо фурӯ рафта, аз гардиши кишоварзӣ бурун мондаанд.

Иброҳимзода Турахон, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, қайд кард, ки ҳамаи заминҳои фурӯрафтаи ноҳия бо қарори ҳукумати кишвар соли 2021 аз гардиши кишоварзӣ берун карда шуданд.

Ин шахси масъул  омили асосии фурӯравии заминҳоро сафедхок будани замин, саривақт тоза нашудани заҳбуру заҳкашҳо ва риоя нашудани обмонӣ арзёбӣ кард.

Фурӯравии заминҳо бештар дар се ноҳияи вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст. Масалан, дар ноҳияи  Ёвон беш аз 300 гектар, Хуросон 302 гектар ва ноҳияи Ҷомӣ 83 гектаро ташкил медиҳад, ки бо як қарори ҳукумати кишвар ҳамаи ин заминҳо аз гардиши кишоварзӣ бурун карда шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here