Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 54 саги дайдуву бесоҳиб аз ҷониби кормандони Корхонаи фаръии давлатии манзилию коммуналии ноҳия безарар гардонида шуд, аммо то ҳол сагҳои дайду дар кӯчаҳои маркази  ноҳия дида мешаванд.

Солеҳзода Олимҷон, роҳбари Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба “Фараж” гуфт, ки воқеан ҳам дар маркази ноҳия сагҳои дайду мушоҳида карда мешаванд.

Омили зиёд будани сагҳои дайдуро ин шахси масъул ҳаммарз будани маркази ноҳия ба ҷамоатҳои Иттифоқ ва Якатут арзёбӣ карда гуфт, қисме аз сокинон сагҳои худро оварда дар маркази ноҳия раҳо мекунанд.

– Мо барои  эмин нигоҳ доштани сокинони ноҳия аз ҳамлаи сагҳои дайду ҳама чораҳоро андешида, саривақт онҳоро безарар мегардонем. Дар 6 моҳи соли равон 54 саги бесоҳибу дайдуро безарар гардонидем, – илова кард мавсуф.

Ба иттилои манбаъ, барои як сагро безарар кардан тақрибан 30 сомонӣ сарф мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь