Ҷунбиши Ҳамос ва Исроил дар бораи “нуқтаҳои асосии” созиш барои расидан ба оташбаси 40-рӯза ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора хабаргузории EFE бо такя ба манобеи фаластинӣ ва мисрӣ, ки ба музокирот дар Қоҳира наздиканд, хабар дод.

Гуфта мешавад, ки созишномаҳо табодули 40 гаравгони исроилӣ ба 404 маҳбуси фаластиниро дар зиндонҳои давлати яҳудӣ дар назар доранд. Ба гуфтаи ин ниҳод, ҳоло ду тараф ба созиш расидаанд, ки бар асоси он оташбас 40 рӯз идома хоҳад кард.

Аммо гуфтушунид дар Қоҳира ҳанӯз идома дорад. Тавре ки EFE қайд мекунад, дар аввал мувофиқа карда шуд, ки Исроил тамоми маркази шаҳрҳои навори Ғаззаро тарк мекунад. Ба мардуми беҷошуда дар шаҳри Рафаҳ иҷозат дода мешавад, ки ба минтақаҳои шимолӣ ва марказии Фаластин баргарданд.

Музокирот дар Қоҳира дар мавриди созиш дар Фаластин, ки дар он Миср, Қатар, ИМА ва Ҳамос ширкат мекунанд, аз 3-юми март идома дорад. Хайати вакилони Исроил дар даври ҳозира иштирок намекунад. Телевизиони Al-Ghad рӯзи 4-уми март бо такя ба як манбаъ хабар дод, ки ҷонибҳо дар рӯзи аввали музокирот “пешрафти қобили мулоҳиза” ба даст овардаанд ва қасд доранд то 11-уми март як навъ созиш ҳосил кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь