Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати вазъи изтирории Ӯзбекистон дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ, ки гуфта мешавад, барои давом додани хати метрои Юнусобод сурат мегирифт, кӯчидани 250 метри мукааб хок рух додааст.

Дар ҳоле ки бо нерӯҳои вазорати изтирорӣ, ҳокимияти шаҳри Тошканд ва ташкилотҳои пудратчии ин сохтмон оқибатҳои  ҳодисаи мазкур омӯхтаву  бартараф карда мешавад, аммо маълум нест, ки чанд нафар коргари ин гурӯҳи сохтмонӣ зери хок мондаанд.

Бино ба иттилои ин манбаъ назорати бартараф сохтани оқибатҳои ин ҳодиса бар дӯши  ноиби нахуствазир ва вазири нақлиёти Ӯзбекистон Очилбой Раҳматов вогузорӣ шудааст.

Дар ҷои ҳодиса пизишкони ёрии таъҷилӣ ва аъзои гурӯҳҳои наҷоти Вазорати вазъи изтирорӣ  машғули кор буданд. Тахмин зада мешавад, ки бар асари ин ҳодиса чанд нафар коргари гурӯҳи сохтмонии хати метрои Юнусобод зери хок мондаву ҳалок шудаанд, вале то чи андоза ҳақиқат будани ин тахминҳоро касе аз мақомоти ҳокимияти шаҳри Тошканд, вазоратҳои нақлиёт ва вазъи изтирории Ӯзбекистон тасдиқ накардаанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь