Соҳибкорони минтақаи Бохтари вилояти Хатлон давоми 5 моҳи соли ҷорӣ роҳҳои харобгаштаи ин минтақа ва пулҳои мошингузарро ба малағи зиёда аз  2 миллиону 955 ҳазор сомонӣ таъмир карданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 145 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Аз Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки соҳибкорони ватанӣ дар ин минтақа давоми 5 моҳи соли ҷорӣ 2,1 км роҳро таъмири асосӣ,  68 км 500 метрро сангфарш  карданд. Ҳамчунин, аз ҷониби соҳибкорон дар ин давра  13 адад пул  пура аз таъмир бароварда шуданд.

Дар таъмири роҳу пулҳо саҳми соҳибкорони ноҳияҳои Хуросон,  Ҷомӣ,  Қубодиён, Балхӣ ва Дустӣ бештар мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here