Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аз ҷониби Вазорати нақлиёт, соҳибкорон ва мақомоти маҳаллӣ бо харҷи 63 миллион сомонӣ садҳо километр роҳ ва даҳҳо пул таъмиру бозсозӣ шуданд.

Сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар Нусратулло Ҳақаназарзода ба “Фараж” иттилоъ дод, ки соли гузашта аз ҳисоби Вазорати нақлиёт барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои  идораҳои зертобеи ин муассиса 15 миллиону 765 ҳазор сомонӣ, мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо 3 миллиону 785 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Ба гуфти ӯ, аз  дар  соли 2023-юм саҳми соҳибкорон дар таъмири роҳҳо назарас буда, аз ҷониби онҳо ба маблағи 46 миллиону 512 ҳазор сомонӣ роҳ ва пулҳо таъмиру таҷдид шудаанд. Соҳибкорон нисбати соли гузашта, яъне соли 2022-юм, бо харҷи беш аз 8 миллион сомонӣ бештар роҳҳоро таъмир кардаанд.

Аз ҷониби соҳибкорон 134,5 км роҳ сангфарш, таъмири роҳ бо асфалт 73,03 км, таъмири ҷорӣ 14 км, таъмири пул 24 адад, таъмири қубур 1 адад ба анҷом раоснида шудааст.

Қайд гардид, ки соли гузашта аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 2 миллиону 353 ҳазор сомонӣ 2,6 км роҳҳои мошингарди ноҳияи Панҷ пурра мумфарш шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь