Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии  кишвар 71 бинову иншооти таъйиноти гуногун бо харҷи 398 миллиону 827 ҳазор сомонӣ бунёд карда мешавад.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ иттилоъ дод, ки аз иншооти мазкур 22 адад дар маркази шаҳр бо харҷи 253 миллион сомонӣ, ҷамоати деҳоти Гулистон 26 иншоот бо арзиши 4 миллиону 770 ҳазор сомонӣ ва дар ҷамоати деҳоти Ваҳдат 23 иншоот бо арзиши 140 миллиону 970 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шудаанд.

Гуфта шуд, ки 23 иншоот бо харҷи 298 миллиону 37 ҳазор сомонӣ дар соли 2022, 16 иншоот бо арзиши 19 миллиону 920 ҳазор сомонӣ дар соли 2023-юм 12 иншоот бо арзиши 39 миллион сомонӣ дар соли 2024, 12 иншоот бо харҷи 1 миллиону 280 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 ва 8 иншоот бо харҷи 40 миллиону  570 ҳазор сомонӣ дар соли 2026-ум ба нақша гирифта шудааст.

Хабар дода шуд, ки аз иншоотҳои ба нақшагирифта шуда 14 иншоот ба соҳаи истиеҳсолу саноат,  11 иншоот ба соҳаи маориф, 5 иншоот ба соҳаи тандурустӣ, 3 иншоот ба соҳаи варзиш ва сайёҳӣ ва 35 иншот дар дигар соҳаҳо мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь