Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон дар доираи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар бунёди 252 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудаанд, ки 23 адади он дар соли 2022-ум ба истифода дода мешаванд.

Аз ҳукумати ноҳияи мазкур ба “Фараж” хабар доданд, ки то соли 2026-ум, яъне то 35-солагии истиқлол дар ноҳия 12 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, 3 мактабу 67 синфхонаи иловагӣ, 18 маркази саломативу 18 бунгоҳи тиббӣ,  4 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, ду дорухона, ду майдончаи варзишӣ ва 85 бинову иншооти дигар бунёд карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамчунин таъмири асосии 6 мактабу чор кӯдакистон, чароғонкунии 4 ҳазору 200 метр кӯча, таъмир кардани 32 километр роҳ ва се пули мошингузар, насби 11 трансформатор ва дигар иншоот дар назар дошта шудаанд.

Қайд карда шуд, ки баъди ба истифода қарор гирифтани 252 иншоот садҳо нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь