Дар ноҳияи Кушониён ба кормандони КДФ хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки ҳамарӯза дар коранд, ёрии яквақтаи молӣ расонида шуд.

Аз бахши матбуоти ноҳияи мазкур гуфтанд, сармои шадиди моҳи январ ҷиҳати рафтуомади сокинони ноҳия мушкилиҳои зиёдеро ба бор овард. Дар ин рӯзҳо тамоми роҳҳои мошингард, роҳравҳо ва майдону хиёбонҳо ях бастанд. Кормандони КДФ хоҷагии манзилию коммуналӣ барои тоза кардани ин мавзеъҳо кушишҳои зиёд намуда, ҳама роҳҳоро тоза карданд.

Бо ин мақсад дар доираи ташаббусҳои раиси ноҳияи Кушониён Вализода Икромиддин ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона Шералӣ ба кормандони КДФ хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки дар рӯзҳои сарди зимистон барои аз барфу яхбандиҳо тоза кардани роҳҳову хиёбонҳо саҳм гузоштаанд, ёрии яквақта расонида шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь