Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар назар аст, ки то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар як корхонаи лифтбарорӣ бунёд карда шавад.

Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода итилоъ дод, ки дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” корхонаи лифт бунёд мегардад.

– Масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ ба анҷом расида, бояд бунёди корхона оғоз карда шавад,-илова кард шаҳрдор.

Гуфта шуд, ки Минтақаи озоди иқтисолии “Кӯлоб” бо дастгирии бевоситаи  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони зиёда аз 309 гектар  таъсис дода шудааст.

– Айни замон дар ин минтақа 7 субъект ба қайд гирифта шуда, корхонаи истеҳсоли филтирҳои ҳавоӣ ва равғанӣ барои автомашинаҳо аз ҷониби ҶДММ “Тоҷик алмос” ба истифода дода шуда, дар ин давра 18 кас, аз ҷумла12 зани хонашини маҳаллӣ бо кор ҷалб гардидаанд,-илова кард раиси шаҳри Кӯлоб.

Иттилоъ дода шуд, ки барои ҷалби сармояи  хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақими хориҷӣ, маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” 7 шартнома ба маблағи зиёда аз 2 миллиард сомонӣ бо сармоягузории хориҷӣ барои бунёди корхонаҳои саноатӣ ба имзо расонидаанд ва барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ корҳо идома доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь