Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба оилаҳои ниёзманд кумак карда, гуфтанд, ки дар оянда боз чунин кумакҳо идома хоҳанд ёфт.

Дар доираи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон  Давлаталӣ Саид дар доираи 31-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр бо  роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии коммуналӣ, Корхонаҳои давлатии фаръию ниҳолпарварӣ, кабудизокунӣ ва истеҳсолию истифодабарии манзили шаҳри Кӯлоб мулоқот намуда, 31-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кормандон табрик намуда, изҳор дошт, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири миллатро ҳал кард ва фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсат ворид кард, ки имрӯз мардуми сарбаланди Тоҷикистон зери сиёсати ғамхоронаву падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умр ба сар бурда истодаанд, ки ин аз заҳмату талошҳои Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар гувоҳӣ медиҳад.

– Имрӯз низ дар доираи ҳамин сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид барои шумо кӯмаки яквақтаина овардем, ки ин иқдом дар оянда низ идома меёбад. Шумо ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доред ва меҳнати Шумо ҳамеша қадр карда мешавад, – гуфт раиси шаҳр.

Дар интиҳо модарон ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, дар ҳақи Пешвои миллат даст ба дуо бардошта, дар ҳақашон дуои нек намуданд ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳи абадиро орзу карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь