Дар натиҷаи таркише, ки 20-уми сентябр дар корхонаи коркарди газ дар вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон рух дод, ҳадди ақал 3 нафар ҷони худро аз даст додла, як тани дигар дар бемористон бистарӣ шудааст.

Шоҳидон хабар медиҳанд, ки ҳалокшудагон кормандони корхона будаанд. Барои омӯзиши сабабҳои таркиш комисияи давлатӣ таъсис шудааст. Яке аз кормандон гуфтааст, ки сабаби таркиш эҳтимол риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ бошад. 

“Дар сехи 18-ум дастгоҳе, ки аз таркиби гази метан гази пропан-бутан ҳосил мекард, таркид. Дар ҷои ҳодиса роҳбари сехи мазкур ва ду кормандаш фавтиданд. Як коргарди дигар заҳролуд шуда, дар бемористон бистарӣ гардид”, – гуфтааст шоҳид.

Ёвари мудири корхона Шермат Шамсиев ин таркишро ҳодисаи нохуш номида, гуфтааст, ки комисияи ҳукуматӣ сабабҳои таркишро меомӯзад. Ӯ ҳамзамон  афзудааст ба хонаводаҳои қурбоншудаҳо кӯмаки модиву маънавӣ расонида мешавад.  

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь