Бештар авқот аз фош шудани фоҳишахонаҳо дар пойтахт хабар мерасид, аммо ин навбат маркази матбуоти ВКД ҶТ аз ҷойи корро ба фоҳишахона табдил донани як сокини шаҳри Конибодом иттилоъ дод.
23-юми август, ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 27-солаи сокини шаҳри Конибодом, маъмурияти яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри мазкурро бо гумони ташкили фоҳишахона дастгир кардаанд. Номбурда 21-уми августи соли 2017, ҷои кориашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон марди 21-солаи сокини кӯчаи Коммунистӣ, зани 27-солаи сокини шаҳри Конибодом, марди 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳамробоев ва зани 38-солаи сокини шаҳри мазкур барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 240 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Блоки рекламавӣ