Як сокини 36-солаи шаҳри Хуҷанд бо ҷурми пайравӣ ва таблиғи ақидаҳои равияи ба ном «Салафия», ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст, ба ҳабс маҳкум шудааст. Дар ин бора телевизиони маҳаллии СМ-1 хабар дод.
Суди шаҳри Хуҷанд Илҳомҷон Ориповро дар содир кардани ҷинояти дар қисми 2-юми моддаи 307, иловаи 3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон зикршуда, гунаҳгор дониста, ба мӯҳлати се солу шаш моҳ бо адои ҷазо дар калонияҳои дорои низомаш умумӣ, аз озодӣ маҳрум кардааст.
Раисикунандаи парванда Эраҷ Ализода ба СМ-1 гуфтааст, ки Орипов соли 2013 гумроҳ шуда, то соли 2015 ба таблиғи ақидаҳои равияи экстримистии мамнӯи «Салафия» ва ҷалби ҳамсинфонаш ба он машғул шудааст.
Акс аз СМ-1
Блоки рекламавӣ