Фаъолияти 31 нуқтаи тиҷории маъмул ба дӯкон дар ҳудуди бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд бо дастури раиси ин шаҳр боздошта шудааст. Дар ин бора шабакаи телевизионии маҳалии СМ-1 хабар дод.

Гуфта мешавад, ки 27 дӯкон ба ҶДММ “Дӯсти Амирхон” мансуб буда, дар масоҳати 108 метри мураббаъ қитъаи замин воқеъ будаанд. Аксари ин дӯконҳо дар ҳудуди бозори Панҷшанбе ҷойгир буда, макони ҷойгиршавии онҳо симои шаҳрро коста мегардонидааст. Соҳибони дӯконҳо муваззаф шудаанд, ки дар дорамади кӯчаи Саховат, шафати бозори Панҷшанбе, ҷой гирифта, ба тиҷорат машғул шаванд.

Мӯҳрзании дӯконҳо аз ҷониби мақомоти милитсия дар ҳоле сурат гирифтааст, ки қаблан дар пайи корҳои фаҳмонидадиҳӣ соҳибони дӯконҳо огоҳ карда шуда будаанд. Гуфта мешавад, ки манъи фаъолияти дӯконҳо дар доираи амалиёти “Маданияти шаҳрдорӣ” анҷом ёфта, минбаъд низ идома меёбад.

Акс аз СМ-1

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь