Бонки Эсхата дар арафаи Соли нав фоизи пасандози муҳлатнокро бо асъори сомонӣ то 18%-и солона баланд кард.
Меъёри баландшудаи пасандоз ба шумо имконият медиҳад, ки даромаднокии баланди кафолатнокро ба даст оред. Шумо метавонед баробари муроҷиат кардан ба филиали Бонк пасандоз кушоед. Дар ин ҳолат ҳадди ақали пасандоз 1000 сомониро ташкил медиҳад. Аммо шумо имконият доред, ки бидуни муроҷиат ба филиали бонк аз 1 сомонӣ пасандоз кушоед. Он бо истифода аз барномаи мобилии “Эсхата Онлайн”, 24/7 дастрас аст.
Ба ғайр аз он, маҳз барои шумо, мо муҳлати пур кардани пасандозро тамдид кардем. Акнун шумо метавонед пасандозро бе маҳдудият, то 60 рӯзи охири муҳлати амали шартнома пур кунед.
Мизоҷони Бонки Эсхата ба мо беш аз 840 000 000 сомони маблағҳои худро дар намуди пасандоз бовар карда, мунтазам даромад ба даст меоранд.
Манбаи даромади кафолатнокро аз даст надиҳед, зеро фурсати кор кардан аст.
Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз санаи 26.01.2022с. Бонки Эсхата бори дигар ҳамчун бонки низомсоз эътироф гардид, ки ин яке аз меъёрҳои муҳими таъмини эътимоднокии баланди амонатгузорон мебошад.
Бонк дар сегонаи бонкҳои пешсафи кишвар қарор дорад ва ҳамасола аз ҷониби оҷонсии байналмилалии рейтингии Moody’s Investors Service бо баҳои B3 ҳамчун бонки устувор рушдкунанда баҳогузорӣ карда мешавад. Инро инчунин ҳисоботи молиявии бонк https://eskhata.com/about/reports/annual_balance.php гувоҳӣ медиҳад.
Пасандозҳои мизоҷон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» суғурта карда мешаванд.