Дар як соли таҳсил аз коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар 210 донишҷӯ хориҷ карда шудаанд, ки аз ин ҳисоб колеҷ 700 ҳазор сомонӣ зиён дидааст.

Ректори колеҷи мазкур Иброҳим Мусозода,  имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, ки солҳои охир хориҷ шудани донишҷӯён аз колеҷи зиёд шудаст. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 104 донишҷӯ ва дар як сол 210 донишҷӯ хориҷ карда шудаанд.

Ин шахси масъул омили хориҷ шудани донишҷӯёнро муҳоҷирати меҳнатї арзёбї карда гуфт, ки баъди хориҷ шудани онҳо колеҷи Бохтар  700 ҳазор сомонӣ зарар дидааст.

Дар идома ӯ қайд кард, ки пеш аз хориҷ шудани онҳо бо волидон ё пайвандонашон сӯҳбат мекунанд, то фарзандонашон хориҷ нашаванд.

Барои донишҷӯён ҳама шароитҳои илмомўзї фароҳам оварда шуда, соли 2024 барои онҳо дар дохили колеҷ як беморхонаи замонавӣ, ки сохтмонаш идома дорад, ба истифода дода мешавад. Барои беморхона беш аз 3 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки бо ин маблағ таҷҳизоти муосири тиббӣ харида мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь