Гуфта мешавад, ки як модари 23-сола то ба дунё овардани кӯдакаш имкони ташхис ва гузаштан аз муоинаи тиббиро надоштааст. Табибон ба рушди нодурусти ҷанин, ки чун «сиреномелӣ» ё синдроми русалка (парии дарёӣ) ёд мешавад, ҳангоми зоймон дар таваллудхона мутаваҷҷеҳ шудаанд.
Кӯдак бо синдроми парии дарёӣ, баъди 4 соати ба дунё омадан, мурдааст. Волидонаш аз синфи коргари бечораҳол будаанд, ки аз сабаби норасоии маблағ натавонистаанд аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Ба гуфтаи табибон сабаби ин синдром хуб набудани ғизо ва нодуруст гардиш кардани ҷараёни хун дар тани модар будааст.
Синдроми парии дарёӣ дар як аз ҳазор кӯдак мушоҳида мешавад, ки маъмулан навзодҳо баъди як шабонарӯзи таваллуд аз сабаби норасоии кори гурда ва масона нобуд мешаванд. Ҳодисаҳое шудааст, ки кӯдакон бо чунин беморӣ чанд сол зиндагӣ кардаанд. Масалан, Шайло Пепин духтаре дар ИМА аст, ки 10 сол бо гурдаҳои ҷарроҳишуда, бе узвҳои таносул ва қисме аз рӯда зиндагӣ карда, соли 2009 вафот кард.