Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сохтмони бозор оғоз шудаст, ки баъди ба истифода додани он беш аз 700 нафар соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло сохтмони бозор дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар дар масоҳати шаш гектар замини бекорхобида аз моҳи октябри соли 2019-ум оғоз шуда, соли 2021 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

– Маблағи сохтмони бозор беш аз 4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳоло дар корҳои сохтмони ин бозор 120 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шудаанд, – илова кард раиси ноҳия.

Бозоре, ки сохтмонаш ҳоло идома дорад аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Амонулло Саъдуллоев бунёд мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь