Соат ба вақти маҳаллӣ 22:03 дақиқа дар роҳ сӯйи Исфара, аммо дар нимароҳ моро боздоштанд ва гуфтанд: “хубтараш тариқи Хистеварз равед”. Шитоб доштем, мехостем ҳарчӣ зуд ба Исфара расем, чун онҷо моро интизор буданд. Аз ҷониби Хистеварз мошинҳои зиёде тарафи Хуҷанд ҳаракат доштанд. Вақте аз як нафар масъулин пурсон шудем, ки мардум куҷо равонаанд, гуфтанд: “Занону кӯдаконро ба ҷои амн мебаранд”.

Пас аз лаҳзае боварӣ ҳосил намудем, ки дар роҳи Исфара тинҷиву оромист, боз ба роҳ баромадем. Пас аз рафтани чанд километр канори роҳ якчанд сокини маҳаллиро дидем ва наздашон қарор гирифтем. Гуфтанд: “Аз деҳа занг заданд, қирғизҳо ҳуҷум кардаанд”.

Низомипӯше телефонро гирифта, бо зане, ки аз он сӯ гап мезад, сӯҳбат кард. Он зан низ хабарро тасдиқ намуд. Ҳатто ба суоли он ки онҳо бо силоҳ ҳастанд, ё не? Ҷавоб дод, ки силоҳ доранд.

Бо шунидани ин хабар фаҳмидем, ки дар инҷо истодан хатарнок аст ва ба роҳ баромадем. Дар роҳ ба нуқтаи сӯзишворие, ки дар Лоҳутӣ ҷойгир буд, даромадем. Ҳамин ҳангом дар як мошин се нафар омада гуфтанд: “Акаҳо, деҳаи Аркаро низ гирифтаанд”.

“Моро аз тарафи Исфара гуфтанд ки наравед, аммо мо ба онҳо бовар накарда рафтем, вазъиято безеб” – гуфт яке аз онҳо.

Ҳамин ҳангом ба телефони ҳамраҳамон касе занг задаву гуфт: “Қирғизҳо боз омаданд, қатӣ танку тупашон”.

Хулоса, аз онҷо низ ба роҳ баромадем, мехостем ҳарчӣ зуд ба Исфара рафта расем.

Аммо манбаъҳои расмӣ баъдан ин хабарро рад карданд. Сурайё Ҳакимова дар саҳифаи фейсбукиаш ин ҳамаро “воҳимае беш нест” арзёбӣ намудааст. Чӣ тавре, ки худи ӯ менависад: “Манбаъҳои боэътимод расониданд, ки аз фурсат истифода бурда ин ташвишро дузду авбошон ташкил намуда, оромиро халалдор намуданд. Ба эҳсосот дода нашавед, ба хонаҳои худ баргардед”.

Тарки манзили худ намудани мардумро як манбаъи дигар тасдиқ намуда, чунин гуфт: “Амакам аз сарҳад овоза шунида хонагиҳои моро ба дигар ҷой бурда аст. Айни ҳол танҳо падарам дар деҳа мондаанду халос”.

То ба ҳол чӣ гуфта овоза шудаасту чӣ гуна мардумро водор ба тарки манзили зисти худ намуданашон, аён нест.

Айнӣ ҳол санаи 2-уми май соат ба вақти Исфара 3:18 дақиқа ҳамаҷо тинҷиву оромист.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь