Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 711 зан дар хона зоймон кардаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 368 адад кам аст.

Директори маркази солими репродуктивии вилояти Хатлон Гулбаҳор Зариповна, дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, хушбахтона сол аз сол зоймон дар хонаҳо кам шуда мешавад, ки ин аз хуб шудани сатҳи хизматасонии тиббӣ ва бештар  ба қайд гирифтани занони ҳомила аз ҷониби бахшҳои тандурустӣ  мебошад.

Ба гуфти ӯ, соли гузашта дар ноҳия Вахш  79  зан дар хона зоймон карда буданд, имсол 45 нафар, ки  омилаш дар таъмир будани беморхонаи марказӣ аст. Инчунин ,дар шаҳру ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Кӯлоб, Восеъ ва Шамсиддин Шоҳин  зоймон дар хона зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Баҳри бешгирии ва кам кардани  зоймони занон дар хона аз ҷониби кормандони соҳаи тиб ҳама чораҳо андешида мешаванд, илова кард ӯ ва гуфт, дар 9 моҳи соли равон дар вилоят  68 ҳазору 374 зоймон ба қайд гирифта шудааст, ки ин нибат ба 9 моҳи соли 2022-юм 1604 таваллуд кам мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here