Дар вилояти Хатлон Шурои машваратии рушди ВАО-и назди мақоомти иҷроияии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  таъсис дода мешавад.

Муовини аввали раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музаффар дар нисшати мутбуотии раисии вилоят гуфт, ки барои ҳамкориҳои судманди мақомот бо рӯзноманигорон соли ҷорӣ дар вилоят Шурои машваратии рушди ВАО-и назди мақомоти иҷроияии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  таъсис дода мешавад.

Гуфта шуд, ки Шурои мазкур дар баробари нафарони масъули мақомоти давлатӣ, инчунин намояндагони ҷомеаи журналистӣ ва коршиносони соҳаро муттаҳид карда, дар ҷаласаҳои он масъалаҳои муҳими соҳа мавриди баррасӣ ва ҳалу фасл қарор дода мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь