3 октябр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар маросими тантанавии гусели даъватшавандаҳо ба сафи Артиши миллии кишвар доир шуд.

Зиёда аз 1000 ҷавони бонангу номуси шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, ки бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, арзи садоқат ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли худ довталабона ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд, аз назди Комиссариати ҳарбии вилоят то варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав роҳпаймоии идона карданд.

Пас аз ифтитоҳи ҳамоиш раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни ироаи сухани табрикии худ ба ҷавонони далеру матинирода ва шуҷоатманди Хатлон, ки аввалин шуда барои адои хизмати низомӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир гаштаанд, аҳсану офарин хонд.

– Қувваҳои мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, шумо – даъватшавандагон, яъне, дар оянда хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ, дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург хоҳед дошт, — зикр кард Қурбон Ҳакимзода.

Дар идомаи Рӯзи даъватшаванда Шоҳиён Абдусатор, муовини вазири мудофиа оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, аз шароити хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ  сухан кард

Ҳамчунин, модари як даъватшаванда аз шуҷоату қаҳрамонии навҷавонон ва ташабусу дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ кард. Дар идомаи тантанаҳо як қатор сарбозон доир ба хизматшаон дар сафари Артиши миллӣ андешаронӣ доштанд.

Ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, ансамбли рақсии “Ситора” ва овозхонони шинохта бахшида ба “Рӯзи даъватшаванда” барномаи зебои театрикунонидашударо пешниҳоди аҳли ҳамоиш карданд.

Сипас,  ба даъватшавандаҳо, инчунин супоридани рӯймолчаҳо ва  маросими “нонгазон” аз ҷониби модарону гулдухтарон сурат гирифт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь