Имрӯз, 28 январ, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ҷашни Сада бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят, муовини вазири кишоварзӣ ва дигар меҳмонон баргузор шуд.

Дар оғози ин чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар меҳмонон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ, маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва дигар дастранҷи сокинони вилоят, ки ба тамошо гузошта буданд, дидан карданд.

Баъд, раиси вилоят дар толори Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар суханронӣ карда, аз таърихи ҷашни Сада ёдовар шуд. Давлаталӣ Саид зимни суханронии худ гуфт, соли гузашта ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 26 миллиарду 41 миллиону 918 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши он нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 1 миллиарду 641 миллиону 262 ҳазор сомонӣ, ё 6,7 банди фоизро ташкил мекунад. Ҳиссаи бахши аҳолӣ дар ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 52,5 фоиз ё худ 13 миллиарду 668 миллиону 456 ҳазор сомонӣ баробар гардид.

Баъди суханронии раиси вилоят  муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор суханронӣ карда, аз дастовардҳои кишоварзони вилоят ҳарф зад.

Ҳамчунин, дар рӯзи ҷашни Сада  ба беҳтаринҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорон, асалпарварон, чорводорон, полезкорон, пилапарварон,  парандапарварон ва дигар фаъолони комплекси агросаноатӣ ифтихорнома ва мукофотҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь