Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Давлаталӣ Саид, раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ва дигар меҳмонон ҷашни Сада бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Нахуст раиси вилоят ва дигар меҳмонон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, намоиши техникаҳои кишоварзӣ, ниҳолҳои ҳамешасабзу мевадиҳанда ва намунаи ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби  аҳли заҳмати вилоят ба тамошо гузошта шуда буданд, дидан карданд.

Сипас, раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҳамаи сокинони вилоят ва кишварро ба ҷашни Сада табрику муборакбод гуфта, дар бораи таърихи ҷашни Сада ва дастовардҳои  барзгарони вилояти Хатлон дар соли 2023-юм сушан кард.

Раиси вилоят гуфт, соли гузашта дар вилояти Хатлон ҳама соҳаҳо ба дастовардҳои назарас ноил гардида, дар ин сол истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 35 миллиарду 336 миллион сомонӣ расонида шуд, ки ин 106 дарсадро ташкил медиҳад.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор масъулони шаҳру ноҳияҳо барои дастовардҳои назарасашон дар соҳаи кишоварзӣ ва ба намояндагони ВАО  барои инъикоси дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ сипосномаву мукофоти пулӣ аз ҷониби раиси  вилояти Хатлон тақдим карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь