Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Форуми байналмилалии содиротии “Бохтар фуд-2022” баргузор шуд, ки дар он бештар аз 200 роҳбару масъули мақомоти давлатии соҳавӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, намояндагони шарикони рушд ва бахши хусусӣ, роҳбарон ва аъзои ширкату корхонаҳои дохиливу хориҷӣ ширкат карданд.

Аз ҳукумати вилояти Хатлон хабар доданд, ки форуми мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ташкил ва баргузор гардид.

Гуфта шуд, ки баргузории форуми мазкур ба хотири муаррифии имкониятҳои истеҳсолӣ ва содиротӣ, рушд додани истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, боло бурдани сифати маҳсулоти ватанӣ ба хотири рақобатпазирӣ, тақвият бахшидани ҳамкориҳо ва бештар шудани муносибатҳои тиҷоратӣ аст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар Форуми байналмилалиии содиротии “Бохтар Фуд-2022” ба хотири бештар кардани содироти маҳсулоти ватанӣ ба имзорасонии созишномаҳо бо 19 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь