Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳи таҳти унвони “Марҳабо ба Хатлони бостон” баргузор шуд.

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба мақоми олии қонунгузори мамлакат, бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, ҳамзамон дар доираи амалишавии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» 5 марти соли 2024 дар шаҳри Кӯлоб Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид.

Дар Форум раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, роҳбарони вазорату идораҳо, ҳамчунин меҳмонон ва намояндагони бахши сайёҳии кишварҳои ҳамсоя, ширкатҳои сайёҳии дохилию хориҷӣ, олимону коршиносони соҳаи сайёҳӣ вобаста ба масъалаҳои рушди соҳа, беҳтар кардани инфрасохтори сайёҳӣ ва истифодаи дурусти он, рушди ҳамкориҳо ва дигар масъалаҳои соҳавӣ иштирок доштанд.

Нахуст, дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба меҳмонону иштирокдорон имкониятҳои сайёҳии 25 шаҳру ноҳия, мамнуъгоҳҳои тиббӣ, ширкатҳои сайёҳии дохиливу хориҷии дар вилоят буда, намоиши маҳсулоти ҳунармандону косибон, имкониятҳои саноативу иқтисодии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ғайра ташкил карда шуд.

Форум ва намоишгоҳи мазкур барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии таърихию фарҳангӣ, табобатию экологӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор, имкониятҳои сафар ва саёҳат ба вилояти Хатлон, инчунин таҳким ва банақшагирии ҳамкориҳои муштарак байни ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ имконияти васеъ фароҳам меорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь