Дар вилояти Хатлон давоми се моҳи соли ҷорӣ фавти сокинон дар қиёс ба се моҳи соли 2020-ум 229 нафар кам шудаст.

Аз шуъбаи Раёсати асндои ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд, ки давоми се моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 3 ҳазору 23 сабти марг ба қайд гирфита шудааст, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 229 сабт кам аст.

Гуфта мешавад, ки соли 2019 дар Хатлон 3 ҳазору 86 сабти вафот, 2020-ум 3 ҳазору 252 сабти вафот ва  соли 2021-ум 3 ҳазору 23 сабти вафот ба қайд гирифта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки  дар ин давра дар вилояти Хатлон 23 ҳазору 65 сабти тавалуд ба қайд гирфита шудааст, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 752 сабти таваллуд кам аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь