Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 5 миллиону 243 ҳазор бех гулҳои гуногун шинонидаанд, ки аз онҳо 647 ҳазораш 487 донааш гули садбарг мебошад.
Аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки то ин давра барои зебо гардонидани маркази вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва гулгаштҳо 5 миллиону 243 ҳазор бех гулу гулбуттаҳо, аз ҷумла 647 ҳазору 487 дона гули лола, 888 ҳазору 475 бех гули садбарг ва 3 миллиону 707 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст.
Гуфта шуд, ки имрӯз, 5-уми апрел, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар бо иштироки муовинони раиси вилоят фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» баргузор гардид.
Блоки рекламавӣ