Дар вилояти Хатлон аз ҷониби Раёсати Кумитаи бехтарарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон ба 1 ҳазору 883 саг шиноснома дода шудааст, ки нисбати соли 2022-юм 424 адад зиёд мебошад. Дар ин бора Рауфзода Эраҷ, сардори ниҳоди мазкур, дар нишасти  хабарӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, нархи як шиншснома барои сагҳо 6 сомониву 6 дирам аст ва шиносномаҳо дохиливу хориҷӣ мешаванд, ки нархи шиносномаи хориҷӣ нисбат ба дохилӣ зиёдтар аст.

Гуфта шуд, соҳиби шиноснома шудани сагҳо хуб аст, зеро вақте, онҳо ба сокинон осеб мерасонанд, маълум карда мешавад, ки саг бемори ҳорӣ дорад, ё не.

Иттилоъ дода шуд, ки танҳо дар шаҳри Бохтар 450 саги дайду безарар гардонида шудаанд. Ин  ҳам дар ҳолест, ки сокинони ин шаҳр аз зиёд будани сагҳои дайду шикоят мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь